«Оқибати офатҳои табииро якҷоя бартараф менамоем»- Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Май 19, 2016 13:31

Душанбе,19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи  ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) баъд аз боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир ва сар задани офатҳои табиӣ дар қаламрави кишвар, ки бар асари он ба хоҷагии халқи мамлакат, иқтисодиёти кишвар, соҳаи кишоварзӣ, роҳу пулҳо, махсусан рӯзгору манзили зисти сокинон зарар расидааст, изҳори ҳамовозӣ ва дастгирии маънавию ҷисмонии аъзои хешро дар саросари мамлакат иброз медорад.
Ҳамзамон ИҶТ аз тамоми ҷавонони ба нангу номуси қишрҳои гуногуни ҷомеа, соҳибкорону ҷавонон даъват ба амал меорад, ки дар пешорӯи ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши «Беҳдошти фазои экологӣ» онҳоро дастгирӣ намоянд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ- дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи қаламрави кишвар тавассути ташкили ҳашари  ҷумҳуривии бартарафкунии оқибатҳои офат, барқароркунии хонаҳои сокинони кишвар ва расонидани кумакҳои моддиву маънавӣ мебошад.
Дар минтақа ва шаҳру ноҳияҳое, ки офати табиӣ рух  надодааст, ҷавонон метавонанд ба тозаву озода намудани гулгашту хиёбонҳо, лаби дарё, боғҳо ва беҳдошти фазои экологӣ, иқдоми хайру савоб ва ватандӯстона шуғл варзанд.
Мавриди зикр аст, ки иқдоми мазкур дар асл кори хайру савоб ва пайравӣ аз сиёсати созанда ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат буда, бори дигар ҳамдилӣ, ягонагӣ, дӯстӣ ва ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик, махсусан қишри боэътимоди ҷомеа-  ҷавонони созандаро инъикос менамояд.

Май 19, 2016 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд