Оғози ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён дар Суғд
Душанбе, 11.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шуруъ аз дирӯз, 10 май ҳафтаи худидоракунии донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят оғоз гардид. 45 нафар беҳтарин донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои вилоят тӯли ҳафта дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият бурда, бевосита бо раванди кор дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шинос мегарданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ин табдир ҳамасола дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадаф аз баргузории он аз як ҷиҳат ҳавасмандии ҷавонон ба хизмати давлатӣ ва аз ҷиҳати дигар дарёфти мутахассисони ҷавони болаёқат дар мақомот аст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






