Оғози «CASA-1000» ва дурнамои рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ» дар Душанбе
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввари «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкории минтақавии энергетикӣ» доир мегардад.
Интизор меравад, ки ин чорабинии сатҳи байналмилалиро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намояд. Дар назар аст, ки дар мизи гирд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, муовини Дабири кули СММ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо ширкат варзанд.
Дар ҳамоиш маърӯзаҳои намояндаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи «CASA-1000», вазири энергетика ва обтаъминкунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вазири иқтисоди Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, намояндаи Бонки исломии рушд, намояндаи Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндаи Вазорати давлатии рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (DFID), намояндаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ шунида мешаванд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






