Ғолиби Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ванҷ муайян гардид
Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ доир гардид.
Барои иштирок ва ҳаводорӣ дар ин мусобиқа аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ гӯштингирон, хоҳишмандон ва мухлисони ин намуди варзиш ҷамъ омаданд.
Паҳлавонон бо такя ба маҳорати касбӣ ва қувваи бозуи худ кӯшиш мекарданд ба ҳарифи худ дастболо гарданд. Барои доварии сабқати гӯштингирон беҳтарин доварон ва устодони ҷумҳурӣ даъват шудаанд.
Ғолибони мусобиқа дар вазни 55 кило Ансорӣ Саъдиев аз ноҳияи Ванҷ ҷойи аввал, Интизор Шехҷамолов аз шаҳри Хоруғ ҷойи дуюм ва Ҳаким Маҳмадназаров ва Нуриддин Шарипов аз ноҳияи Ванҷ ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд. Дар вазни 90 кило Фарёд Шайхов- паҳлавон аз дастаи ВМКБ ҷойи аввалро соҳиб гашта, ҷойи дуввумро Малик Сошоев аз ноҳияи Ванҷ ба даст овард. Ду ҷойи сеюм насиби Муҳаммад Ҷавҳаров ва Баҳман Раҳматуллоев аз ноҳияи Ванҷ гардид.
Дар вазни 100 кило намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рауф Зиёбеков ҷойи аввал, Санавбар Шанбиев ҷойи дуюм, Шакар Мирмамадов ҷойи сеюмро соҳиб гардида, як ҷои сеюми дигарро Фазлиддин Сафаров аз вилояти Хатлон ишғол намуд. Дар вазни 60 кило Далер Қурбонов аз шаҳри Хоруғ ҷойи аввалро ишғол намуд, ҷойи дуввумро Хусрав Шамсов аз вилояти Суғд соҳиб гардида, ҷойҳои сеюмро Саидмумин Охиров аз ноҳияи Ванҷ ва Наврӯз Меҳмонов аз ВМКБ аз худ намуданд.
Ҳамчунин дар вазни 75 кило Сайёд Шайхов аз шаҳри Хоруғ сазовори ҷои аввал гардида, ҷойи дуюмро Ҳамбиб Шуков аз ноҳияи Ванҷ ишғол кард, ҷойҳои сеюмро паҳлавонони ванҷӣ Н.Меҳсинов ва С. Охиров соҳиб гаштанд.
Дар даври ниҳоии сабқати гӯштингирон паҳлавонони вазни мутлақ барои ба даст овардани Шоҳҷоиза ба майдон баромаданд.
Баъди рақобатҳои зиёд паҳлавон Шакар Мирмамадов аз шаҳри Хоруғ ба рақиби худ дастболо гардида, мошини сабукрави гаронарзишро соҳиб гашт. Ба ғолибони дигари мусобиқа низ аз ҷониби кумитаи тадорукот туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, баҳри таҳкими дӯстию рафоқати ҷавонони кишвар, якдилию муттаҳидӣ, муҳаббат ба Ватани азиз равона гардид.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






