Ғолибияти варзишгарони тоҷик дар Чин
Душанбе, 27.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони бошишгоҳи «Таҷфайтер» Шоҳин Сафаров ва Шерзод Залиев дар риштаи муҳорибаҳои омехта дар мусобиқаи бонуфузи «Супер старт файт» ширкат варзиданд. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Харбини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, дар он ситораҳои ин навъи варзиш бо ҳам ҳунару неру санҷиданд. Тоҷикистонро дар ин чорабинии бонуфузи варзишӣ Шоҳин Сафаров ва Шерзод Залиев намояндагӣ намуданд. Онҳо ҳарифони пурқуввати чиниро мутаносибан бо нокаути техникӣ ва бо лат додани даст дучори шикаст намуда, бо дастовези шоиста ба Ватан баргаштанд.
Варзишгаронро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мухлисону ҳаводорон, хешону наздикон ва намояндагони дигар қишрҳои варзишдӯсти пойтахт пазироӣ намуданд.
Президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехта Аҳтам Хокиров мегӯяд: «Ин ҳарду варзишгари мо бо ташкилоти ONE Championship шартнома доранд ва ҳардуи онҳо дар даври якум бар ҳарифи худ ғолиб омаданд, ки ин мувафақияти онҳо боиси ифтихори мост».








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






