Ҷоми Тоҷикистон -2016: Рақибон муайян шуданд
Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои ФФТ расми қуръакашии марҳалаи муқаддамотии бозиҳо барои Ҷоми Тоҷикистон-2016 баргузор гардид. Дар натиҷа шаш ҷуфти дастаҳои ширкаткунанда муайян шуданд.
Ба ҳамин тартиб «Канд»-и Конибодом бо «Исфара», «Помир» бо «Кӯктош», «Саройкамар» бо «Ҳулбук», «Коммуна» бо «Парвин», «Панҷшер» бо «Чашма» ва «Ваҳдат» бо «Локомотив» дар даври аввал бо ҳам рақобат мекунанд. Дар марҳалаи дуввуми интихобӣ ғолиби ҷуфти «Помир» бо «Кӯктош» барои ба даври дигар гузаштан бо дастаи «Сомон»-и Данғара қувва меозмоянд.
Бозиҳои рафти ин марҳала 24 ва 25 май ва баргашти он 31 май ва 1 июн муқаррар шудаанд.
Шаш дастаи ғолиб дар вохӯриҳои 1/8- ниҳоӣ бо дастаҳои Лигаи олӣ баъди қуръакашии навбатӣ ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.
Тақвими бозиҳо чунин шакл гирифтааст:
24 май (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 17:30
«Канд» (Конибодом) – «Исфара» (Исфара)
«Помир» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)
25 май (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 17:30
«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)
«Коммуна» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар)
«Панҷшер» (Балхӣ) – «Чашма» (Шаҳритуз)
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив» (Душанбе)
Бозиҳои ҷавобӣ
31 май (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Исфара» (Исфара) – «Канд» (Конибодом)
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Помир» (Душанбе)
1 июн (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Саройкамар» (Панҷ)
«Парвин» (Бохтар) – «Коммуна» (Фархор)
«Чашма» (Шаҳритуз) – «Панҷшер» (Балхӣ)
«Локомотив» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






