Омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон, ки ҳамсола 1 июн таҷлил мегардад, дар Маҷмаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чорабинии пуршукӯҳ доир хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 июн дар «Қалъаи Хуҷанд» намоиши маҳсулоти ҳунарҳои халқии аз ҷониби кӯдакону наврасон омодагашта, барномаи консертии ҳунармандони ҷавон дар назар дошта шудааст. Инчунин бо қувваи табиатдӯстони ҷавон «Гӯшаи зинда» -и паранадаҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвонот ташкил карда мешавад.
Дар чорабинӣ барои ҳозирон барномаи консертии истеъдодҳои ҷавон пешкаш хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ба чорабинии идона намояндагони кӯдакону наврасони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ҷалб мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






