Ҷопон ва Белгия ба созиш расиданд, ки оид ба мубориза бо терроризм музокирот намоянд
Душанбе, 04.05.2016 /АМИТ «Ховар» /. Сарвазирони Ҷопон ва Белгия Синдзо Абэ ва Шарл Мишел ба созиш расиданд, ки шакли нави муколамаи дуҷониба — музокирот оид ба мубориза бо терроризмро роҳандозӣ намоянд. Дар ин бора агентии иттилоотии Ҷопон «Киодо» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, С. Абэ ҳамчунин зимни боздид аз Белгия ба истгоҳи метрои «Маэлбек»-и Брюссел, ки он ҷо 22-юми март амали террористӣ содир шуд ва боиси марги беш аз 16 нафар гардид, рафт.
«Ҷопон бо Белгия ва кишварҳои Аврупост. Мо якҷоя бо кишварҳои ҷаҳон барои пурра нест кардани терроризм мубориза хоҳем бурд», — гуфт Сарвазири Ҷопон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони ҷопонӣ.
Чанде пеш Сарвазири Ҷопон ҳамчунин масъалаи мубориза бо терроризмро бо президенти Франсия Франсуа Олланд, ки дар доираи сафари аврупоии худ ба Париж ташриф оварда буд, баррасӣ намуд. С. Абэ дар Париж зикр кард, ки масъалаи мубориза бо терроризм яке аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши қарибулвуқӯи «Ҳафтгонаи бузург» («G7»), ки 26-27 май дар Исэ-Симеи Ҷопон доир мешавад, хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, дар Брюссел бар асари ҳамлаҳои террористӣ, ки рӯзи 22-юми март содир шуданд, 32 нафар — 16 кас бар асари ду таркиш дар фурудгоҳи байналмилалии «Завентем» ва 16 тани дигар бар асари ҳамлаи террористӣ дар истгоҳи метрои «Маэлбек» ҳалок гаштанд.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифта буд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






