Пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ

Май 26, 2016 10:24

Душанбе, 26.05.16. /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар»- таҳти чунин мавзӯъ дар   Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон  аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ чорабинии зиддимухаддиротӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, чорабинӣ  бо мақсади пешгирии нашъамандӣ гузаронида шуда, дар он мутахассисони АНМН оид ба масъалаҳои мубрами рӯз — пешгирии наврасону ҷавонон аз истеъмол ва хариду фурӯши маводи нашъадор, инчунин шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии суиистеъмоли маводи нашъадор маълумот доданд.

Май 26, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд