Пешгирии шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Маркази таълимии судяҳо дар назди Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 20 нафар судяҳои судҳои ҷумҳурӣ дар мавзўи «Принсипҳои самараноки тафтиш ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф» машварат баргузор гардид.
Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмурод Муродзода таъкид намуд, ки: «Дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрўза мавзўи шиканҷа дар радифи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон асосӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шаҳрвандон, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо риояи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёри ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд».
Дар кори семинар, ки ду рўз идома ёфт, ба ҳайси тренер-устодон роҳбари лоиҳаи «Ворид намудани принсипҳои Протоколи истанбулӣ», коршиноси судии тиббии Гурҷистон, коршиноси байналхалқии ташкилоти Марказ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳайати судяҳои судҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, мутахассисон аз Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






