Пешвои миллат: «Ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти ҷавонон аст»

Май 23, 2016 09:30

Душанбе, 23.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз  ин насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, таъкид намуданд, ки: «Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд».
Сарвари давлат бо итминони комил изҳор карданд, ки ҷавонони саодатманд масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзандаро ба ҷо меоранд.

Май 23, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад