Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо маҳфили ҷолиб таҷлил шуд

Май 19, 2016 13:44

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили фарҳангиву фароғатӣ доир гардид.
Дар он дар баробари дигар меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе ва намояндагони гуногункасб, инчунин кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли оилаашон аз нигораву ёдгориҳои қадимии халқи тоҷик дидан намуданд.
Директори осорхона Абдувалӣ Шарифзода иброз дошт, ки аз соли 1994 инҷониб ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи осорхонаҳо таҷлил гардида, ба унвони «Шабе дар осорхона» чорабиниҳо доир карда мешаванд. Дар ҷумҳурии мо аз соли 2013 боз имрӯз чун рӯйдоди таърихӣ таҷлил гардида, кормандон ва хоҳишмандон ба осорхонаҳо ба таври ройгон ворид мешаванд ва маркази асосии ин чорабинӣ Осорхонаи миллӣ мебошад.
Дар маҳфил дастовардҳои даврони Истиқлол ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин дар қисмати дигар барномаи консертӣ ва маҳфили шеърхонӣ таҳти унвони «Минбари Рӯдакӣ» ташкил гардид, ки дар он наврасон аз ашъори ин қофиласолори назми тоҷик шеърҳо қироат намуда, ёди гузаштагонро шод гардониданд.
Кормандони милитсия аз ин иқдоми наҷиб шод гардида, минатдории самимии худро ба роҳбарияти Ҳукумат ва баргузоркунандагони чорабинӣ расониданд.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлолияти Тоҷикистон мебошад.  20 марти соли 2013 дар маросими кушодашавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, дар толори бузурги он бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.

Май 19, 2016 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд