Раҳмон Озода Эмомалӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

Май 29, 2016 14:52

Душанбе, 29.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 май дар Душанбе иҷлосияи якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид, ки дар он Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ якдилона узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Раҳмон Озода Эмомалиро  вакилони Маҷлиси шаҳрӣ 14 апрели соли равон  дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе якдилона номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Маҷлиси миллӣ -палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон маҳсуб шуда, 33 нафар аъзо дорад. 25 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ тавассути овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд. 8 нафар аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат аз ҷониби Президенти кишвар таъйин карда мешаванд.

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҳмон О.Э. дар ҳимояи манфиатҳо ва мавқеи кишвар дар рафти вохӯрию мулоқотҳо бо намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва такони нав бахшидан ба муносибатҳои консулии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Қобили қайд аст, ки маҳз дар давраи фаъолияти Раҳмон О.Э. дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ  бо ибтикор ва роҳбарии ӯ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба фаъолияти консулӣ такмил дода шуданд.

Саҳми Раҳмон О.Э. дар амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, ки боиси боз ҳам боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, тавсеа ёфтани муносибатҳои дипломатӣ хеле назаррас мебошад.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 

Май 29, 2016 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода дар Женева оид ба дастовардҳои парламенти Тоҷикистон сухан гуфт
Раиси Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи сатҳи баланд дар Женева иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар Конфронси ҷаҳонии Раисони парлумонҳо дар Женева иштирок менамояд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид