Раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин

Май 22, 2016 11:20

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 22 майи соли 2016 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соати 6 субҳ ба вақти маҳаллӣ Комиссияи участкавии №63 оид ба раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар, тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардидааст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони муқими кишвари иқомат дар раъйдиҳӣ фаъолона иштирок доранд.

Май 22, 2016 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд