Раъйпурсии умумихалқиро журналистони хориҷӣ дар сатҳи баланд инъикос намуданд
Душанбе, 23.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли 2016 баргузор шуд, аз ҷониби рӯзноманигорони хориҷӣ дар сатҳи баланд инъикос гардид. Барои инъикоси ин чорабинии муҳими сиёсӣ намояндагони воситаҳои ахбори оммаи як қатор кишварҳои ҷаҳон чанд рӯз қабл ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
Аз ҷумла, ҷараёни баргузории ин чорабинии сиёсӣ аз тарафи шабакаҳои бонуфузи телевизионии ҷаҳон, ширкати телевизиони «Ал-Ҷазира»-и давлати Қатар, шабакаи «Пресс ТВ»-и Эрон, шабакаи телевизионии «ББС»-и Британияи Кабир, шабакаи телевизионии «Рашн-Тудей»-и Федератсияи Русия, Ширкати телевизионии «Мир» ва телевизиони «Тулӯъ»-и Афғонистон васеъ инъикос гардид.
Барои рӯзноманигорон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардид.
Ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсиро беш аз 7 ҳазору 500 мушоҳидони миллӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар комиссияҳои ҳавзавӣ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин зиёда аз 120 мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида карданд. Тамоми мушоҳидони байналмилалӣ аз участкаҳои раъйдиҳӣ дидан намуданд ва ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода аз ҷониби хайати мушоҳидони байналмилалӣ зимни боздид ягон ҳолати вайрон намудани қонун ба қайд гирифта нашудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






