С. Наботов: Ҷомеаи навини Тоҷикистон талаб менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода шаванд

Май 16, 2016 15:39

Душанбе, 16.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Маврид ба зикр аст, ки истилоҳи Конститутсия истилоҳи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад, ки дар аксар ҳолат олимон истифодаи онро ҳамчун ифодакунандаи мазмун ва моҳияти аслии қонуни асосии ҳар як кишвар роиҷ донистаанд.
Аслан истилоҳи «Конститутсия» (аз лотинӣ «constituio» — муқаррар намудан) дар Рими Қадим пайдо шуда, фармонҳои императорони Римро ифода мекард.
Дар илми ҳуқуқшиносӣ Конститутсия ҳамчун ифодакунандаи муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ба таври васеъ корбурд мешавад.
Рушди устувор ва босуботи ҷомеа, алалхусус ҷомеаи навини Тоҷикистон талаб менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода шаванд.Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ тақозои онро дорад, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйироти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои пешқадами сиёсию ҳуқуқии тамаддуни башарро дар бар гирифта, тавсифҳои моҳиятии давлат ва дурнамои рушди ҷомеаро муайян менамояд.
Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Мавриди тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ дар қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Ин ҷо, пеш аз ҳама, ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Олимони соҳа низ дар асарҳои худ ёдрас шудаанд, ки пайваста зарур медонем, то меъёрҳои Конститусияи ҳар як кишвар бо назардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз такмил дода шаванд, то ки кишварҳои демократии ҳуқуқбунёд ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шаванд. Мақсади тағйиру иловаҳо ба якчанд меъёрҳои конститутсия маҳз гуфтаҳои болост.
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тавассути тағйиру иловаҳо ба Конститутсия метавонад асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва фаъолияти ҳамкории байниҳамдигарии онҳо такмил дода шавад.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат муайянкунандаи асосҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкории байниҳамдигарии онҳо мебошад.
Рушду такомул ва пешрафти ҷомеа, махсусан дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ талаб мекунад, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, тамосу ҳамкории мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам фаротар ва мукаммалу пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеаи тозаистиқлол босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии мардум баланд гардад ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад.
Ҳар як халқу миллат дар баробари дигар муқаддасоти худ забони давлатии худро доро мебошад. Бо назардошти рушду нумуи забони давлатӣ ва барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани забон ва имлои Конститутсия ҳамчунин зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, истилоҳу таркиботи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.
Ниҳоят зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Чунин тағйироти пешниҳодшуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамгироӣ амал намуда, ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон судманд сурат гиранд.
Омилу равандҳои мазкур имкон медиҳанд, ки ҷомеаи навини рӯ ба тараққии Тоҷикистон боз ҳам такмилу таҳким ёбад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба мақсадҳои неки худ ноил гарданд.

Сиёвуш Наботов,
устоди кафедраи
ҳуқуқи тиҷоратии ДДТТ

Май 16, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад