Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таҳти унвони «Конститутсия — санади олии ҳуқуқӣ» конференсия баргузор шуд

Октябрь 31, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — санади олии ҳуқуқӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.

Дар маърӯзаҳои олимон масъалаҳои муҳими таъсири Конститутсия ба низоми сиёсӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои конститутсионӣ, нақши Конститутсия дар рушди қонунгузорӣ ва илмҳои ҳуқуқӣ таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ дар тамоми марҳилаҳои рушди давлатдорӣ аҳамияти хоса дошта, риоя ва татбиқи устувори меъёрҳои он заминаи асосии пешрафти давлати миллӣ мебошад.

Иштирокчиён андешаҳои худро оид ба татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ, зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ҳамоҳангсозии меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ бо қонунгузории байналмилалӣ ва таҳкими волоияти қонун иброз намуданд.

Пешниҳод гардид, ки натиҷаҳои илмии конференсия барои такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ-амалӣ истифода шаванд.

АКС: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов

Октябрь 31, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд