Барои таъмини тозагии муҳити атроф ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 10 адад мотороллери барқӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, маҳаллаву ҷамоатҳо, аз ҷумла шоҳроҳҳо ва сари вақт баровардани партовҳо аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд 10 адад мотороллери барқӣ харидорӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мотороллерҳои барқӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳракҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров супорида шуданд.
Ин иқдом қадами муассир дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳтар гардидани ҳолати санитариву экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки масоили марбут ба вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва муаммоҳои зиёдшавии партов ва ҳалли бартарафсозии саривақтии онҳо, яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб меёбад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






