ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ беш аз 92 фоиз иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми як моҳи ҷараёни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, нақшаи даъват дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 92 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре қаблан хабар дода будем, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Дар давраи сипаригардида шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Ҳамзамон, дар муддати як моҳ нақшаи даъват дар вилояти Суғд 82 фоизро ташкил дода, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон нақшаи гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намуданд.
Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба Артиши миллиро пеш аз муҳлат 100% иҷро намуд. Албатта, ин аз масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии даъватшавандагон ва падару модарони онхо гувоҳӣ медихад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати як моҳи чорабиниҳои даъватӣ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидаро наздики 90 фоиз иҷро кардаанд. Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун ва Файзобод аввалин шуда, иҷрои нақшаро ба пуррагӣ таъмин намуданд.
АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






