Сабаби харобшавии роҳҳои мошингард нақлиёти гаронвазн аст
Душанбе, 11.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи пешгирӣ ва танзими равуои мошинҳои гаронвазн ва ҳаҷман калон, ки сабабгори харобшавии роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ мегарданд, зимни ҷаласаи кории Вазорати нақлиёти ҶТ баррасӣ шуд.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёти кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа кормандони мақомоти назоратӣ, гумрук, БДА, ХДНТ дар соҳаи нақлиёт, Вазорати корҳои хориҷӣ, донишмандони соҳаи нақлиётшиносии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, масъулини идораю ширкатҳо ва муассисоте, ки бо мошинҳои калонҳаҷму гаронвазн сару кор доранд, иштирок намуданд.
Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон иброз дошт, ки масъалаи баррасишаванда, яке аз камбудии асосии ҳанӯз ислоҳношуда мебошанд.
Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорат Қурбоналӣ Саидов доир ба манфиату зиёни васоити нақлиёти гаронвазни хориҷиву ватанӣ, мушкилоти ронандагони ватанӣ дар ҳудуди ҳамсоякишварҳо, душвории рақобат бо ронандагони хориҷӣ, ба расмиёти гумрукӣ даровардани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар гумрук ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе аз асноди меъёрӣ сухан кард. Иштирокдорони ҷаласа дар мавриди роҳҳои рафъи ин мушкилӣ изҳори андеша намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






