Сафири Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин эътимодномаҳо супорид

Май 19, 2016 09:04

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ 17 май маросими супоридани эътимодномаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон П.Давлатзода ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин баргузор гардид.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин эътимодномаҳоро қабул намуда, П.Давлатзодаро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин табрик намуда, ба ӯ барои иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстонаи Точикистону Чин комёбиҳо таманно намуд. Сарвари давлати Чин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Чин  ҳамсояҳои нек ҳастанд ва байни ду кишвар ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
Дар навбати худ, П.Давлатзода паёми гарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо таманниёти нек ва шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Чин расонд ва вусъат ёфтани муносибатҳои байнидавлатиро баъд аз сафари давлатии сарвари давлати Чин ба Тоҷикистон таъкид кард.
П.Давлатзода зикр кард, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои ҳамсоягиии накӯ, дӯстона ва ҳамкории судманд бо Чин аҳамияти хосса дода, муносибот бо Чин дар сиёсати хориҷии кишвараш мақоми афзалиятнок дорад. Бо назардошти сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ, дӯстии устувор ва муносибатҳои шарикии боъэтимоди Тоҷикистону Чин, рушди муназзами робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар нақши намоён доранд.
Аз рушди бонизом ва натиҷаи ҳамгироии ду кишвар дар соҳаи амният, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, густариши ҳамкорӣ дар  татбиқи як қатор тарҳҳои бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ташаббуси шоистаи Сарвари давлати Чин дар бораи эҷоди Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим ҷихати тақвияти минбаъдаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар таъкид карда шуд.
П.Давлатзода арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои ҳамсоя ва мардумони дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Май 19, 2016 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд