«Санъати мусиқии Кӯлоб» бо 3 забон нашр шуд
Душанбе, 5.05.2016./АМИТ«Ховар»/. «Санъати мусиқии Кӯлоб»- чунин номгузорӣ шудааст китоби тозанашри Раҳим Раҳмонӣ, омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ки бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст. Муаллифи китоб сурудҳои халқии қадимии мардуми минтақаи Кӯлобро, ки то имрӯз мафҳуз мондаанд, гирд оварда, ба нота ворид намудааст.
Китоби «Санъати мусиқии Кӯлоб» аз сурудҳои лирикиву фалак, тақвимию тӯёна, лапару бадеҳа гаҳворабандон иборат буда, дар ҳафт боб тақсимбандӣ гардидааст.
Раҳим Раҳмонӣ дар ин маврид изҳор дошт, ки мақсадаш аз нашри китоби мазкур эҳё ва ташвиқу тарғиби сурудҳои халқии минтақаи Кӯлоб аст, ки дар онҳо мақсаду маром ва орзую омоли мардум таҷассум гардида, як ҷузъи санъати қадимии халқи тоҷик маҳсуб мешаванд.
Муаллифи китоб мақсад дорад, ки дар оянда ҳар боби ин китобро дар шакли китоби алоҳида ба нашр расонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






