Шоира Зулқайнарова бе роҳхати олимпӣ монд

Май 22, 2016 12:31

Душанбе,22.05.2016 /АМИТ Ховар/. Шоира Зулқайнарова, варзишгари тоҷик, дар  Чемпионати  ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон шикаст хӯрд ва аз роҳхати олимпӣ маҳрум шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки 19 май дар маҷмааи варзишии «Барис — Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон шурӯъ шуд, варзишгари тоҷик Шоира Зулқайнарова ба нокомӣ дучор гардид. Ӯ дар нахустин даври мусобиқа дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сараҳ Шеурих (Олмон) бохт. 43 сония пеш аз хотимаи раунди севум муштзани олмонӣ бо зарбаи фаннӣ Шоираро шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Ба ин тартиб, Шоира Зулқайнарова аз шонси охирин истифода карда натавонист ва аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Яъне, муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзан маҳсуб мешавад.
Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи «Барис  Арена-и Остона бегоҳи 19 май баргузор хоҳад шуд.
Ба назари коршиносон дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон чунин муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британияи Кабир) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.
Намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат меварзанд.

Май 22, 2016 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид