Шумораи нахустини маҷаллаи «Илм ва ҷомеа» -и АИҶТ аз чоп баромад
Душанбе, 27.05.2016. /АМИТ «Ховар»/.Бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии ҷомеа, нишон додани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва мусоидат ба рушди илми ватанӣ маҷаллаи академии илмию оммавӣ бо номи Илм ва ҷомеа бо қарори Раёсати АИ ҶТ таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои котиби матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин, ҳадафи ин маҷалла нашри мақолаю маводи илмии олимону донишмандони тоҷик, бозтоби дастовардҳои илмии ҷаҳониён, ошкор кардани мушкилоти ҷаҳони муосир ва ба донишомӯзӣ ҷалб намудани ҷавонон, мусоидат дар ҳалли мушкилоти мубрами Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон мебошад. Зикр намудан зарур аст, ки табъу нашри мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ — оммавӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он ба шумор меравад.
Маҷаллаи Илм ва ҷомеа 17 декабри соли 2015 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дар як сол чор маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр хоҳад шуд.
Муассиси маҷалла Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармуҳаррири он доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров аст.
Бо назардошти консепсияҳои ягонаи таҳқиқоти байнисоҳавӣ, мақолаҳо ва маводи маҷаллаи Илм ва ҷомеа аз рӯи мавзӯъҳои мубрами илм ва ҷомеаи муосир ба нӯҳ бахш гурӯҳбандӣ гардидаанд: Ҷаҳони муосир ва Ояндашиносии равандҳо ва хатарҳои ҷаҳони муосир, Фалсафа ва назарияҳои байнисоҳавӣ, Ҷаҳон аз нигоҳи дигар, Маорифпарварӣ ва ҷаҳонбинии алтернативӣ, Дастовардҳои илму техникаи муосир, Маориф ва рушди инсон,Бозёфтҳои ҷавонон, Пажуҳиш дар адаб ва ҳунар ва Пешниҳодҳо ва эълонҳо.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






