«Созандагони Ватан»-и ноҳияи Спитамен ҷонибдори тағйиру иловаҳо ба Конститутсияанд

Май 13, 2016 14:42

Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Спитамен аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»- и ноҳия роҳпаймоӣ баргузор шуд, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар ҷавонон иштирок карданд.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пайравӣ аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ҷавонон ҳамчун аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» аз ҳамаи иштирокдорон даъват намуданд, ки нисбат ба ҳаёти сиёсии Ватани азизамон бефарқ набошанд ва 22 май ба участкаҳои раъйпурсӣ рафта, барои мукаммалгардонӣ ва боз ҳам ба талаботи байналмилалӣ мувофиқ намудани Конститутсия раъйи худро диҳанд.
Инчунин дар асоси нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» — и вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ҳамоиш бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 60 нафар ҷавонони фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» — и ноҳияи Спитамен, кормандони кумитаи иҷроия ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» — и вилояти Суғд иштирок доштанд.
Мақсади асосии ҳамоиш фаҳмонидани моҳияти раъйпурсӣ буд ва бо усули «кӯча ба кӯча» ва «хона ба хона» маводи тарғиботӣ тақсим карда шуд.
Ҳамоиш дар кӯчаҳои марказии ноҳия, бозорҳои марказӣ, инчунин дар беморхонаи марказии ноҳия гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар сокинони ноҳия, духтурон ва ҳамширагону аъзои фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Май 13, 2016 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд