Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Казоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифта, зимни он роҳбари Ҷумҳурии Казоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва хоҳони рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон гардид.
Ҳамчунин сарони ду кишвари дӯст оид ба масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ табодули афкор карда, масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






