Суғд: баргузории Спартакиадаи бонувон бахшида ба 25- солагии Истиқлолият

Май 19, 2016 09:13

Хуҷанд, 19.05.2016. /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба ҳафтаи Рӯзи ҷавонон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ- Спартакиадаи бонувон ташкил карда шуд. Дар мусобиқаи варзишӣ 260 нафар варзишгардухтарон аз 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Қувваозмоии бонувон аз рӯи се намуди варзишӣ  волейбол, баскетбол ва тенниси рӯимизӣ сурат гирифта, дар як вақт дар се муассисаи варзишии шаҳри Хуҷанд  варзишгоҳи Ҷашнӣ (аз рӯи намуди баскетбол), толори варзишии Коллеҷи тиббӣ (волейбол) ва толори варзишии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд (тенниси рӯимизӣ) гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулини шуъбаи ташкилии  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори роҳбарияти Кумита рӯи кор омада, ҳадафи асосии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ватанпарастӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби бонувон ва тарғибу ташвиқи варзиш байни бонувони шаҳру ноҳияҳои вилоят буд.
Дар интиҳо бо ҷамъбасти холҳо дастаи шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал, дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби ҷои дуюм шуда, ҷои сеюм ба дастаҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамен дода шуд. Дастаҳои ғолиб ва иштирокдорони фаъол аз чониби роҳбарияти кумита бо  Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ  мукофотонида шуданд.

Май 19, 2016 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд