Табибони Олмон дар Душанбе нуқсони модарзодии роғи лаб ва комро ҷарроҳӣ мекунанд
Душанбе, 05.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии тиббӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мутахассисони олмонӣ аз 8 то 20 майи соли равон амалиёти ҷарроҳӣ барои беморони гирифтори нуқсони модарзодии роғи лаб ва ком гузаронида мешаванд.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Фотима Ғоибова иттилоъ дод, амалиёти ҷарроҳӣ ройгон гузаронида мешаванд.
Таҳлилу ташхиси то ҷарроҳӣ дар доираи қарору қонунҳои амалкунандаи соҳаи тандурустии кишвар роҳандозӣ мешаванд. Ба кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат, гурӯҳҳои ниёзманд ва кӯдакони гурӯҳи маъюбидошта мутобиқи қарор хизмат расонида мешавад,-илова намуд мусоҳиб.
Бино ба иттилои Ф.Ғоибова, амалиёти ҷарроҳӣ ба беморони гирифтори нуқсони модарзодии роғи лаб ва ком бори аввал соли 2010 дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олмон тибқи нақшаи тасдиқшуда роҳандозӣ шуда буд. Ҷарроҳиҳои тармимӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони олмонӣ гузаронида мешаванд.
То имрӯз беш аз 30 бемор номнавис шудаанд. Ҳамасола дар доираи ин ҳамкорӣ то 50 кӯдаку наврас ҷарроҳӣ карда мешаванд,- зикр намуд Ф.Ғоибова.
Ниёзмандон имкон доранд то 8 май дар бинои № 9 худро сабти ном кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






