Таъйин гардидани муовини раиси ПҲ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
Душанбе, 13.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Ду пешниҳоди Президенти кишварро дар бораи таъйин намудани Азимӣ Зафар Исмоил ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани ризоият барои муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Раҷабмоҳ Бадридинова 13 май вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ҳамзамон ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баррасӣ ва қабул карда шуд. Бозоралӣ Одиназода -муовини вазири маорифи кишвар зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади амалӣ намудани банди 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, «Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқ гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Ҳамзамон дар ҷаласа ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Изатулло Сатторӣ -вазири кишоварзии кишвар ҳангоми шарҳи тағйиру иловаҳо афзуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади тақвияти заминаи ҳуқуқии танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ бо назардошти мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи қонунгузории кишвар ва гузаронидани корҳои ҳосилхезгардонӣ бо риояи принсипҳои ҳифзи муҳити зист пешниҳод гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки ворид намудани иловаҳо ба қонуни мазкур фарогири масъалаҳои ҷорӣ намудани низоми агроэкологӣ, технологияҳои экологию биологии парвариши растаниҳо, таҳкими ҷараёни гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони замин дар ҳосилхезгардонии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






