Талоши Мавзуна ва Шоира барои дарёфти роҳхати олимпӣ
Душанбе,19.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Ду муштзани тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар сабқати қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона идома хоҳанд дод. Ин мусобиқа аз 19 то 27 май дар маҷмааи варзишии Барис — Арена-и пойтахти Қазоқистон баргузор шуда, дар он беш аз 320 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Имрӯз дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов ба хабарнигорон гуфт, ки Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар вазни то 60 кило ва Шоира Зулқайнарова, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни то 75 кило мебошанд. Ӯ гуфт, ки ин баромади Мавзуна ва Шоира «шонси охиринашон барои дарёфти роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпист».
Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи Барис — Арена-и Остона шоми 19 май баргузор мешавад
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон танҳо Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар Рио де-Жанейро аст. Гӯштингири шинохта Комроншоҳи Устопириён низ имтиёзҳои зарурӣ барои дарёфти роҳхати олимпиро ба даст овардааст, вале ширкаткунандагони олимпиадаи Рио дар риштаи дзюдо охири моҳи май эълон хоҳанд шуд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






