Талоши Мавзуна ва Шоира барои дарёфти роҳхати олимпӣ

Май 19, 2016 07:59

Душанбе,19.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Ду муштзани тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова муборизаро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар сабқати қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона идома хоҳанд дод. Ин мусобиқа аз 19 то 27 май дар маҷмааи варзишии Барис — Арена-и пойтахти Қазоқистон баргузор шуда, дар он беш аз 320 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Имрӯз  дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов ба хабарнигорон гуфт, ки Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар вазни то 60 кило ва Шоира Зулқайнарова, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни то 75 кило мебошанд. Ӯ гуфт, ки ин баромади Мавзуна ва Шоира «шонси охиринашон барои дарёфти роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпист».
Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи Барис — Арена-и Остона шоми 19 май баргузор мешавад
Ёдовар мешавем, ки  дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон танҳо Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар Рио де-Жанейро аст. Гӯштингири шинохта Комроншоҳи Устопириён  низ  имтиёзҳои  зарурӣ барои дарёфти роҳхати олимпиро ба даст овардааст, вале ширкаткунандагони олимпиадаи Рио дар риштаи дзюдо охири моҳи май эълон хоҳанд шуд.

Май 19, 2016 07:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд