Ташрифи намояндагони Маркази коркарди сиёсати муҳоҷират дар Аврупо ба ХМ

Май 24, 2016 10:23

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо намояндагони Маркази муҳоҷират оид ба коркарди сиёсати муҳоҷирати Лоиҳаи Амалиёт доир ба таъмини ҳифзи шаҳрвандӣ дар ҷараёни танзими ҳолатҳои фавқулода вобаста ба гурезаҳо, ки дар Осиёи миёна амалӣ карда мешавад, Анна Бара, Стефани Бари ва Адиба Асадова мулоқот намуд.
Меҳмонон баён доштанд, ки доир ба қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират, ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти оморӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот пайдо намуда, барои корбарӣ ҳуҷҷати асосии консултативӣ, ки барои омӯзиш ба Хадамоти муҳоҷират пешниҳод карда мешавад, омода мекунанд.
Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират даъват намуданд, ки ҳуҷҷати мазкур бо тавсияҳо ва пешниҳодот омода карда шаванд, то барои беҳбудӣ бахшидан ба раванди танзими муҳоҷират дастурамал гардад.
Муовини  сардори Хадамот Толиб Шарипов иттилоъ дод, ки Хадамоти муҳоҷират бо лоиҳаи аврупоии танзими раванди муҳоҷират MIOX аллакай шинос буда, панҷ марҳилаи ҳамкориро амалӣ намудааст. Бояд гуфт, ки таҷрибаи бои лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони Хадамоти муҳоҷират таъсири хуб расонид. Аз ҷумла, бо пешниҳод ва тавсияҳои лоиҳаи мазкур ба Хадамоти муҳоҷират муяссар гардид, ки 4 Маркази омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд ифтитоҳ гардад.
Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба намояндагони лоиҳа доир ба моҳиятҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки хусусияти вобастагии таърихӣ ва стратегӣ дорад, маълумот дода, аз ҷумла гуфтанд, ки Тоҷикистон бо Русия чор ҳуҷҷати байниҳукуматӣ ба имзо расонидааст.
«Барои коҳиш додани сатҳи муҳоҷират ба хориҷа, алалхусус ба Федератсияи Русия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама тадбирҳоро андешида, ҳамасола ҷойҳои корӣ ташкил мекунад. Дар соли сипаригашта,  63 ҳазору 442 ҷойи кори доимӣ, 65 ҳазору 882 ҷои кори муваққатӣ ва 72 ҳазору 232 ҷои кори мавсимӣ таъсис гашта буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, бозори меҳнати Русия барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҷолиб боқӣ мемонад»,-илова намуд Тоҳир Каримзода.
Бояд зикр  намуд, ки Тоҷикистон дар баробари Федератсияи Русия бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонида, бо давлатҳои  Қатар, Кувайт ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар муҳлатҳои наздик бо ин давлатҳо низ созишнома ба имзо хоҳад расонид.

Май 24, 2016 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад