Ташрифи рӯзноманигорони покистонӣ ба Душанбе

Май 16, 2016 09:32

Душанбе, 16.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. 11 рӯзноманигори покистонӣ ба пойтахти Тоҷикистон -Душанбе омаданд. Ин сафар ба туфайли ифтитоҳи хатсайри нав Душанбе-Лоҳур-Душанбе амалӣ гашт. Директори тиҷоратии ширкати «Сомон Эйр» Эҷаз Хан зимни мулоқот бо рӯзноманигорони покистониву ватанӣ зикр намуд, ки аз тариқи ин хатсайр муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Мақсад аз ташрифи рӯзноманигорон ба Душанбе-шиносоӣ бо вазъ ва минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони покистонӣ ба Тоҷикистон мебошад. Дар муддати се рӯз ба рӯзноманигорони покистонӣ тамоми имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон нишон дода мешаванд. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Назарзода Ризо ба рӯзноманигорон имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, зикр кард, ки ифтитоҳи хатсайри нави Душанбе -Лоҳур боз як саҳифаи нав дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Покистон мебошад. Назарзода Ризо инчунин вобаста ба татбиқи Лоиҳаи КАСА -1000 сухан намуда, баён дошт, ки КАСА-1000 аз ин пас гармӣ ва рӯшноии Тоҷикистонро ба Покистон мебарад.
Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро иброз намуд, ки то ифтитоҳи ин хатсайр мардуми Покистон ва Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд, аз ҷумла, аз тариқи дигар давлат сафар намудан ба Тоҷикистон ва ё Покистон, сарфи маблағи зиёд ва вақт рӯ ба рӯ мешуданд. «Имрӯз мо имкон пайдо кардем, ки муносибатҳои тиҷоративу сайёҳии байни ин ду кишвари бо ҳам дӯстро боз ҳам бештару хубтар ба роҳ монем», -илова намуд Сафири Покистон дар Тоҷикистон. Бино ба гуфтаи Тариқ Иқбол Сумро, мардуми Покистон хеле хурсанд аз онанд, ки ин хатсайр фаъол гаштааст.
Хотиррасон мекунем, парвози нахустин ба самти Лоҳур аз Душанбе 6 майи соли 2016 тавассути ҳавопаймои «Боинг 737-900» анҷом дода шуд.
Парвозҳо ба дуввумин шаҳри бузурги Покистон ва маркази фарҳангии ин кишвар ҳафтае ду маротиба — рўзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба сўи Лоҳур 1 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.

Май 16, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа