Таъсиси робитаҳои ҳамкорӣ-чорабинӣ барои афсарони сатҳи болоӣ
Душанбе, 22.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҳадафҳои ба нақша гирифташудаи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо бо номи Идораи сарҳадот дар шимоли Афғонистон (BOMNAF), ки аз ҷониби Барномаи Рушди СММ амалӣ мешавад, бо мақсади такмил додани ҳамкорӣ дар бахши сарҳадот, фаъолиятҳои муштарак ва барқароркунии тамос дар байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) ва ҳамсоякишварҳои Осиёи миёнагии вай, лоиҳаи мазкур дар баргузор намудани чорабинӣ (сафари муштараки саҳроии якҳафтагӣ) зери унвони Таъсиси робитаҳои ҳамкорӣ барои афсарони сатҳи болоии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (ҚСТ), Пулиси сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ПС ҶИА) ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар мусоидат ва кумак намуд.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур фароҳам овардани фурсати муносиб барои афсарони сатҳи болоии пулиси сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд, то ки онҳо битавонанд бо ҳаммаслакони худ аз қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар муҳити амалиётӣ дар марзи Тоҷикистон — Афғонистон мулоқот кунанд.
Афсарони иштироккунанда масъалаҳои мавриди нигаронӣ будаи тарафайнро баррасӣ карда дар мавриди такмили ҳамкорӣ табодули назар намуданд. Ҳамчунин афсарон дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ ширкат варзиданд; яъне дар шаҳраки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз байни ҳамдигар бозии футбол ташкил намуданд.
Ҳайатҳои сарҳадбононро аз ҳарду ҷониб муовинҳои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва пулиси сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳбарӣ мекарданд ва онҳо ба чорабинии мазкур баҳои баланд доданд, зеро ки чунин иқдомот ҳам ба тақвияти робитаҳои байни афсарони ҳарду ҷониб ва ҳам ба табодули иттилоот дар байни ду кишвар мусоидат менамояд. Илова бар ин ҳайатҳои агентиҳои сарҳадӣ дар мавзӯъҳои зерин: мубориза бар зидди тероризм, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷират, такмили тиҷорати сарҳадӣ, тавсеаи рушд ва амнияти минтақавӣ табодули нуқтаи назар барпо намуданд.
Ҳадафи асосии кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- ин пуштибонӣ аз ҳамкории минтақавӣ ва имконот пешкаш намудан ба Афғонистон барои эҷод кардани робитаҳои тиҷоратии судбахш бо кишварҳои ҳамҷавораш, махсусан бо кишварҳои Осиёи Миёна мебошад. Лоиҳаи Идораи сарҳадот дар шимоли Афғонистон (BOMNAF) бахше аз барномаи васеи ҳамкории минтақавӣ барои пешкаш намудани кумакҳое, ки байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мувофиқа гардидаанд, мебошад ва инчунин дигар барномаҳоеро, ки дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Осиёи Миёна фаъолиат менамоянд, пурра менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






