Тоҷикистон макони баргузории бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё интихоб гардид

Май 19, 2016 10:46

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон макони баргузории бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни духтарони то 19 сола интихоб гардид. Ин бозиҳо аз 29 октябр то 6 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Имрӯз дар Малайзия қуръакашии ин бозиҳо гузаронида мешавад, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон, Австралия, Узбекистан, Эрон, Урдун, Мянма, Тайбэйи Чин , Фаластин, Ҳиндустон, Гонконг, Лубнон, Сингапур, Қирғизистон, ҷазираҳои Марианаи шимолӣ, Покистон,  Филиппин, Таиланд ва  Ветнам иштирок мекунанд.
Ба ҳайси мизбонони мусобиқаи интихобӣ ҳамчунин Таиланд ва  Ветнам низ пазируфта шудаанд.
Аз 18 дастаи иштирокдори 4 гурӯҳ танҳо ғолибон ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё, ки аллакай ба он дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Япония ва Чин ҳамчун беҳтарин дастаҳои Чемпионати қаблӣ роҳхат гирифтаанд, ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки оғози моҳи равон дар кишвари мо бозиҳои минтақавии Осиё байни духтарони то 14-сола дар дараҷаи аъло гузаронида шуд ва Тоҷикистон таҷрибаи бойи гузаронидани чунин бозиҳоро соҳиб аст.

Май 19, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд