Тоҷикистон ва ИА масоили ҳамкории дуҷонибаро муҳокима карданд

Май 11, 2016 17:14

Душанбе, 11.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан, ки барои иштирок дар маросими ифтитоҳи сохтмони тарҳи минтақавии «КАСА-1000» ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, зимни вохӯрӣ равандҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, амният ва масъалаҳои муҳимми минтақавӣ; обу неру ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишевич ҳузур дошт.

Май 11, 2016 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд