В. Матвиенко мухолифи ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

Май 19, 2016 17:02

Душанбе, 19.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мухолифи ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз ҳодисаи оромгоҳи Хован  баромад кард, зеро «ин ҳодисаи фавқулода ба  сиёсати муҳоҷират  рабт надорад».
Пештар оид ба зарурати ҷорӣ намудани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон  муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебренников изҳори назар кард.
«Ман ҳеҷ зарурати ҳатто баррасии имконияти  ҷорӣ намудани низоми раводидро намебинам. Набояд дар фазои пасошӯравӣ бо чунин омил фитнаангезӣ намуд. Ва он чӣ дар оромгоҳи Хован рух дод, ҳеҷ рабте  бо сиёсати муҳоҷират надорад», — гуфт Матвиенко ба хабарнигорон.
Рӯзи шанбе дар бузургтарин оромгоҳи  Маскав- Хован ҷанҷол бархост, ки дар он  бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ 200 нафар иштирок намуда, се кас кушта шуданд  ва 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мувофиқи  тафтишоти пешакӣ, ин низоъ бо сабаби тағйир ёфтани ҳудуди  хизматрасонӣ  дар оромгоҳ будааст.

Май 19, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст