В. Матвиенко мухолифи ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
Душанбе, 19.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мухолифи ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз ҳодисаи оромгоҳи Хован баромад кард, зеро «ин ҳодисаи фавқулода ба сиёсати муҳоҷират рабт надорад».
Пештар оид ба зарурати ҷорӣ намудани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон муовини аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебренников изҳори назар кард.
«Ман ҳеҷ зарурати ҳатто баррасии имконияти ҷорӣ намудани низоми раводидро намебинам. Набояд дар фазои пасошӯравӣ бо чунин омил фитнаангезӣ намуд. Ва он чӣ дар оромгоҳи Хован рух дод, ҳеҷ рабте бо сиёсати муҳоҷират надорад», — гуфт Матвиенко ба хабарнигорон.
Рӯзи шанбе дар бузургтарин оромгоҳи Маскав- Хован ҷанҷол бархост, ки дар он бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ 200 нафар иштирок намуда, се кас кушта шуданд ва 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мувофиқи тафтишоти пешакӣ, ин низоъ бо сабаби тағйир ёфтани ҳудуди хизматрасонӣ дар оромгоҳ будааст.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






