Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори 20- солагии Истиқлол
Хоруғ, 30.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Хатлон дар доираи рӯзҳои ин вилоят дар Бадахшон 27 май намоиш ва фурӯши маҳсулоти худро баргузор карданд. Нархи тамоми намудҳои маҳсулот 50 фоиз арзон карда шуд ва ба як харидор бештар аз 10 кило маҳсулот фурухта нашуд, зеро иддае аз тоҷирон бо истифода аз аз нархи арзон ин маҳсулотро яклухт харида, дар ҷои дигар бо нархи дучанд ба фурӯш мегузоранд. Ба мақсади дастрасии ҳарчи бештари аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ аз ин усул кор гирифта шуд.
Гулнор Гадоалиева, як тан аз харидорон бо изҳори минатдорӣ аз кишоварзони хатлонӣ гуфт, ки дар ҳоле ки дар Бадахшон бештари дарахтони мева, аз ҷумла гелосу олу нав ғурра бастаанд, дидан ва чашидани ин навъ меваҷот бо нархи хеле дастрас ба кас ҳаловат мебахшад.
28 май чунин намоиш дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гашт. Дар гӯшаи дигари боғ консерти муштараки ҳунармандони хатлонию бадахшонӣ роҳандозӣ шуд. Агарчи ҳаво боронӣ буд, аммо ҳазорон нафар аз сокинони шаҳру навоҳии вилоят бо кафкубӣ ин базми дустӣ ва шодию тарабро боз ҳам бошукӯҳтар сохтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






