Зан таҳдиди тарконидани пойгоҳи низомиеро дар Вашингтон кард
Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пойгоҳи ҳавоии низомии Эндрюс дар наздикии Вашингтон (иёлоти Мэриленд) аз сабаби нақзи амният муваққатан муҳосира шудааст. Ин ҳушдор бардурӯғ баромад.
Бино ба иттилои «Российская газета» зани ношиносе ба нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии пойгоҳи ҳавоӣ ворид гардида, изҳор дошт, ки дар баданаш бомба васл шудааст. Баъд аз ин даромадгоҳи асосии пойгоҳи ҳавоӣ иҳота карда шуд. Занро дастгир карданд ва баъди ҷустуҷӯ аз бадани вай маводи тарканда пайдо нашуд. Муҳосира боз карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир зани ҷиноятпешаро мақомоти дахлдор истинтоқ доранд.
Ин ҳодиса ба фаъолияти пойгоҳи ҳавоӣ, ки 24 км дуртар аз Кохи Сафед ҷойгир аст, таъсир нарасонд. Дар яке аз анборҳои он «ҳавопаймои рақами як» ҷойгир аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






