Журналистони тоҷик бо вазъи рўзгори мардуми Бадахшон ошно гардиданд
Душанбе, 16.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корвони журналистони ҷумҳурӣ ба Бадахшон аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як гурўҳ журналистони вилоят ва собиқадорони соҳа қадрдонӣ шуданд. Тақдими мукофот дар ҳузури гурўҳи журналистони кишвар, ки аз расонаҳои мухталифи ҷумҳурӣ намояндагӣ мекарданд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва намояндагони ҷомеаи журналистии вилоят сурат гирифт. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, ки давоми панҷ рўз корвони журналистони тоҷик бо вазъи рўзгори мардуми вилоят ошно гардида, дар суҳбати «мизи мудаввар» оид ба мавзўи «Нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ» иштирок намуданд. Дар рўзи охири сафари корвон бо ҳузури раиси вилоят Шодихони Ҷашед ба 6 собиқадори соҳа мукофоти пулӣ ва ба 10 журналисти фаъоли вилоят ифтихорномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим гардиданд.
Ба андешаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, бахши вилоятии иттифоқ фаъолияти худро тавсеа бахшида, минбаъд барои истифодаи тавонмандии ҷомеаи журналистии вилоят баргузории силсилаи тадбирҳоро ба нақша гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 14 май корвони журналистони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қарор дошт ва рӯзноманигорон бо омодагии иншооти ҷашнӣ ба таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ва зиндагии мардум дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бевосита ошноӣ пайдо карданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






