Зимни амалиёти муштарак қӯшунҳои сарҳадӣ бо Раёсати АНМН 18 кило маводи нашъадор мусодира намуданд

Май 16, 2016 17:15

Душанбе, 16. 05.16. /АМИТ «Ховар»/.Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти ҶТ дар ноҳияи Дарвоз амалиёти махсуси муштарак оид ба пешгирии интиқоли маводҳои мухаддири нашъаовар ба қаламрави Ҷумҳурии Точикистон гузарониданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ 14 май дар яке аз минтақаҳои зертобеи отряди сарҳадии «Дарвоз» дар шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ бо кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти ҶТ, шаҳрванди ҶИА Абдулбоқӣ валади Ҳоҷӣ, соли таваллудаш 1993, дастгир шуд, ки бо худ тақрибан 18 кг маводи нашъовар дошт.
Аз ӯ 9 кг маводи мухаддири афюн ва 9 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Дар айни замон оид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Май 16, 2016 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд