14 июн- Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун: «Ҳамаи инсонҳоро хун бо ҳам мепайвандад»
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии донорони хун (хундиҳандагон) таҷлил мешавад. Мавзўи имсолаи ин рӯз — «Хун ҳамаи моро муттаҳид мекунад» мебошад. Дар ин рӯз ба донорҳои хун арзи сипос расонида, ба мафҳумҳои «ваҳдат» ва «робита» байни хундиҳандагон ва беморон аҳамият дода мешавад.
«Ҳаёти худро бо беморон якҷоя кунед, хун диҳед»- таҳти чунин шиор масъулин мехоҳанд мардумро ба хундиҳӣ ҷалб намоянд ва нақши онҳоро дар табобати беморон нишон диҳанд.
Гузарондани хун имкон медиҳад, ки ҳар сол ҳаёти миллионҳо беморон наҷот дода шавад. Ин амал ҳамчунин барои саломатии модару кӯдак нақши муҳим мебозад.
Дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар Рӯзи донори хун то 1,500 ҳолати хунсупорӣ сурат мегирад.
Ҳамчунин хунсупорӣ дар кишвар тавассути мошинҳои сайёри хун дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Душанбе низ амалӣ мегардад.
Ҳар рӯз дар Маркази ҷумҳуриявии хун зиёда аз 100 нафар хун месупоранд. Имрӯз Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нақлиёти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таъмин мебошад.
Ин мошинҳо бо барқи мустақил таъмин буда, (дорои генераторанд), ҳамчунин дар дохили онҳо яхдонҳои махсус барои сафар, ҷои махсус барои оббозӣ ва ташноб мавҷуданд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор донорони хун ҳастанд. Аз соли 2000-ум инҷониб ба донорони фаъол унвони «Донори фахрӣ» дода мешавад.
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон талабот ба хун зиёд аст. Ҳалли ин мушкилот танҳо бо хайрияҳои ихтиёрии мунтазам аз ҷониби донорҳои хун имконпазир мегардад.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






