74 фоизи хатмкунандагони мактабҳои Хатлон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супориданд
Қурғонтеппа, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 70,6 % хатмкунандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб соли хониши равон ба ба Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба донишкадаҳои олӣ ҳуҷҷат супориданд.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ба иттилои маълумоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон имсол 47 ҳазору 552 нафар мактабҳои вилоятро хатм намуданд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда 35 ҳазору 170 нафар хатмкунанда ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супоридаанд, ки зиёда аз 13 ҳазори онро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, 74 % хатмкунандагони мактабҳои вилояти Хатлон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супоридаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






