Агентии обуҳавошиносӣ: «Рӯзҳои наздик ҳавои бебориш ва гарми на он қадар шадид дар назар аст»

Июнь 16, 2016 16:40

Душанбе, 16.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии  ҳавошиносон рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 17 то 21 июн дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар водиҳо ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа хоҳад расид.
Пагоҳ дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 16-21, рӯзона 32-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона 17-22, рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво  шабона 15-17, рӯзона 32- 34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 15-20, рӯзона то 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 12-17, рӯзона 28-33; дар шарқ шабона 3-8, рӯзона13-18 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Июнь 16, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад