Ҳайати Кнессетаи Исроил ба Душанбе омад

Июнь 2, 2016 10:25

Душанбе, 02.06.2016/АМИТ «Ховар»/.Ҳайати парлумонии Исроил таҳти роҳбарии хонум Шаррен Ҳаскел, ки   раисии гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Исроилро ба уҳда дорад, ба Тоҷикистон омад.
Назар ба иттилои Олимҷон Салимзода-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот,  ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Исроил ба Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.
Интизор меравад, ки ҳайати Кнессетаи Исроил бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ва гурӯҳи дӯстии ҳамкории  байнипарлумонии Тоҷикистону Исроил мулоқот намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ  намоянд.
Ҳамзамон ҳайати Кнессетаи Исроил аз бархе  вазорату идораҳои Тоҷикистон боздид ва  бо роҳбарону масъулини онҳо дидору мулоқот намуда, масъалаи  ба роҳ мондан ва  тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, меҳнат, ҳифзи иҷтимоиро матраҳ менамоянд.

Июнь 2, 2016 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид