Ғалабаи Венесуэла бар дастаи Ямайка дар Ҷоми Амрико-2016

Июнь 8, 2016 15:21

Душанбе, 08.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бозингарони дастаи мунтахаби Венесуэла дар аввалин дидори худ дар Ҷоми Амрико-2016 тими мунтахаби Ямайкаро шикаст доданд. Ин бозӣ, ки миёни тимҳои шомили гурӯҳи С сурат гирифт, бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Ғолибияти тими мунтахаби Венесуэларо дар ин дидор голи ягонаи Ҷозеф Мартинес таъмин намуд ва ин голи ягонаи сабқат дар дақиқаи 15-уми бозӣ вориди дарвозаи тими мунтахаби Ямайка карда шуд. Бо вуҷуди ин, ки футболбозони дастаи мунтахаби Ямайка то анҷоми бозӣ ягон гол зада натавонистанд, дар дақиқаи 23-юми дидор як бозингари дастаашон кам гардид. Радолф Остин бо гирифтани корти сурх маҷбур шуд майдонро тарк намояд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Венесуэла бозии навбатии худро дар доираи Ҷоми Амрико 9 июн бо  тими  футболи  мунтахаби Мексика доир хоҳад кард. Ҷоми Амрико, ки ба муносибати 100-солагии Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ бахшида шудааст, аввалин маротиба берун аз қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор карда мешавад.
Ин мусобиқа дар ИМА то 26-уми июни соли равон идома хоҳад кард.

Июнь 8, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст