Ҷаласа оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Кӯлоб
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи корӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок варзиданд.
Дар ҷаласа Ёддошт оид ба тақвияти ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид. Дар баробари ин, масъалаи расонидани кумак ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои кӯдакони бидуни никоҳи расмӣ тавлидшуда, дар САҲШ бақайд гирифташуда, никоҳи ғайрирасмии дар солҳои пеш рухдодаи сокинон ва расонидани кумак ба ниёзмандон дар дигар ҳолатҳои истисноӣ баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки мақсад аз таъсиси ин гурӯҳи корӣ тақвият бахшидан ба механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар ҳалли масоили оилавӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ҳалли дигар мушкилоти ҷомеа мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






