Ҷаласаи навбатии комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар Хатлон

Июнь 16, 2016 16:46

Қурғонтеппа, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа  ҷаласаи навбатии Комиссияи  ҷамъиятӣ  оид ба  пешгирии  коррупсия дар назди мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти Хатлон  баргузор гардид.
Дар  ҷаласа  масъалаҳои  ҳамоҳангсозии фаъолияти  комиссияи  ҷамъиятӣ оид  ба  пешгирии  коррупсия  дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон бо  мақомоти  давлатӣ  ва  ҷомеаи шахрвандӣ  дар  самти  муқовимат, пешгирӣ ва  мубориза  бо коррупсия  шунида шуд.  Ҳамзамон    ҳисоботи масъулини комиссияҳои  ҷамъиятӣ оид  ба  пешгирии  коррупсияи шаҳру ноҳияҳои  Кӯлоб, Норак, Дӯстӣ ва  Хуросон  ва роҳбарони раёсатҳои маориф ва  тандурустии  вилоят  шунида  шуд.
Инчунин дар  ҷаласа пешниҳоди Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  бартараф  намудани камбудиҳои ошкоргардида  вобаста  ба  фаъолияти  комиссияи  ҷамъиятӣ оид  ба пешгирии  коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  шунида  шуд
Дар кори ҷаласа намояндаи  Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сафарзода  Қутбиддин, намояндагони  Раёсати Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон Ҳикматуллозода  Иззатулло  ва  Раззоқзода  Тамкин  иштирок  намуданд.

Июнь 16, 2016 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад