Ҷаласаи шасту чоруми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои дӯст дар шаҳри Тифлис доир гардид
Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи шасту чоруми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои дӯст дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, ки дар кори он маъмурият ва кормандони роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ ва Балтика ширкат доштанд. Аз Тоҷикистон дар Шӯро сардорони хадамоти дахлдори роҳи оҳан бо роҳбарии сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон иштирок карданд.
Дар ҷаласаи Шӯро ба ҳайси нозир намояндагони роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касабаи роҳи оҳани соҳаи нақлиёт даъват шуда буданд.
Дар Шӯро масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи 63-юми Шӯро, нишондодҳои кори мусофирбарӣ дар соли 2015 ва семоҳаи соли 2016, меъёрҳои ҷадвали ҳаракати қатораҳо барои солҳои 2016-2017, нишондодҳои бақайдгирии контейнерҳо ва вагонҳои боркаш, ҳолати ҳисобу китоби хизматрасониҳо миёни маъмуриятҳои роҳҳои оҳан, иҷрои нақшаи сиёсати тарифӣ дар роҳҳои оҳани кишварҳои аъзои ИДМ, иҷрои нақшаи хароҷоти таъмини фаъолияти дирексияи Шӯро барои соли 2015 ва дигар масоили марбута мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба пешравии кор, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар боркашониву мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан таклифҳо пешниҳод гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро як гурӯҳ кормандони фаъоли роҳҳои оҳан барои хизматҳои арзанда ва саҳми босазо гузоштан дар пешрафти кор бо Ифтихорномаи Шӯро қадрдонӣ гардиданд. Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Ҳавасҷон Раҳимов, сардори қитъаоти суғдии Роҳи оҳан ва Маҳбуба Давлатова, сардори бахши боркашонӣ ва банақшагирии бори хадамоти боркашонии РОТ бо мукофот қадр гардиданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






